Ҷазои пулчинаки дағалгуфтор ва ҷаримабандии ронанда дар Душанбе
Нисбати пулчинаки дағалгуфтор протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва бо қарори додгоҳ нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд
Дар Душанбе алайҳи пулчинаки дағалгуфтор нақлиёти мусофирбар протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Бино ба иттилоъи манбаъ, яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафтори дағалонаи пулчинаки мошини “Старекс” дар хатсайри No28-и шаҳр шикоят кард.
Кормандони интизомӣ дар ҷараёни тафтишот шахсияти пулчинакро, ки бо мусофирон муоширати номуносиб кардааст, маълум карданд. Маълум шуд, ин як сокини 23-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Ӯро ба шуъбаи милитсия бурданд ва дар он ҷо ҷавон эътироф кард, ки рӯзи 28 октябр воқеан нисбат ба мусофир рафори дағалона карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Нисбати боздоштшуда протоколи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ҳаракати автобусҳои “Старекс” дар масири зикршуда аз ҷониби мақомоти шаҳр манъ карда шуда буд.
Ронандаи воситаи нақлиёти “Старекс” барои фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ бидуни иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷарима шуд.
Комментарии (0)