< Роҳандозии барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Роҳандозии барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон

Роҳандозии барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекору бекасб дар Тоҷикистон
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб тарроҳӣ шудаааст

Бо мақсад роҳандозии барномаи электронии бақайдгиририи ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ахиран дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз таҳияи барномаи электронии бақайдгиририи ҷавонони бекор ва бекасб муайян ва мушаххас намудани ном ба номи ҷавонони бекор ва бекасб ва дар ин замина ба касбомӯзӣ ва ба ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони кишвар мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни ҷаласа, барномаи электронӣ бо рӯнамо ба ҳозирин пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи эектронӣ баррасӣ карда шуд.

“Инчунин, муҳлати иҷрои он мавриди муҳокима қарор гирифта, аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили низоми бақайдгирии барномаи мазкур ба масъулин супоришҳо манзур карда шуд”, - таъъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд кардааст, ки то - 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби масъулини вазорат ва кумита марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бекасб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои кишвар шурӯъ гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий