< Садамаи маргбори зану шавҳар дар Варзоб: ба ду мошин заданду ба соҳили дарё сарозер шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Садамаи маргбори зану шавҳар дар Варзоб: ба ду мошин заданду ба соҳили дарё сарозер шуданд

Садамаи маргбори зану шавҳар дар Варзоб: ба ду мошин заданду ба соҳили дарё сарозер шуданд
Ҳамсари ронанда пас аз як соати интиқол ёфтан ба бемористон ҷон аз даст дод

Дар роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки як хонавода аз шаҳри Душанберо мотамзада кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш дар 15 километрии роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ- Варзоб рух дод.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай Авента", сокини 48 - солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ-Варзоб" аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромад.

Зимнан, ӯ бо мошинаш ба автомашинаи тамғаи "Опел Астра" бархӯрда, ҳаракаташро идома дода, боз ба автомашинаи тамғаи "ДЭУ Тико"бархӯрд ва ба соҳили дарёи "Варзоб" сарозер шуд.

Манбаъ меафзояд, ронанда ва мусофираш, ки ҳамсари ӯ буд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

"Ҳамсараш пас аз як соати интиқол ёфтан ба бемористон, ҷон аз даст дод", - таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идорма дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий