Паёми рамазонии Раҳмон ва мисол аз сураи Қуръонӣ: "болоравии нарх аз мо вобаста нест"
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо фарорасии Иди Рамазон муборакбод гуфта сабаби болоравии нархи наворо шарҳ дод
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Иди Рамазон табрик кард.
Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд.
Воқеан, додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад.
Дар ояти шастуми сураи "Тавба"–и Қуръони маҷид Худованд мефармояд: – "Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва мискинон ва омилони садақот ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад… ва барои мусофирон аст".
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре ки то имрӯз чандин маротиба таъкид карда будам, тибқи арзёбии мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2021 аз ҳама ҷиҳат ва дар навбати аввал, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ дар тамоми сайёра дар таърихи 90 – 100 соли охир яке аз солҳои вазнинтарин хоҳад шуд.
Таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, ки хусусан, солҳои охир аҳолии сайёраро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ карда истодааст ва пайомадҳои ногувори он – хушксолӣ, камобӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аллакай, ҳамаи аломатҳои вазнини сол – болоравии нарху навои маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ аён шуда истодаанд.
Дар чунин шароит ҳамаи давлатҳои дунё дар фикри ҳалли мушкилоти худ мебошанд.
"Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ аз мову шумо вобаста нест", - гуфт Президент.
Дар ин росто раисиҷумҳур ба ҳамватанон ва махсусан, ба занону бонувон хотиррасон намуда, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.
"Ба ин хотир, мо бояд ҳар рӯзро ғанимат дониста, барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва боз ҳам беҳтар бо маводи ғизоӣ таъмин намудани аҳолии кишвар кӯшиш намоем", - омадааст дар паёми Президент.
Яъне мо бояд тарзе кор кунем, ки дар кишварамон фаровонии маҳсулот таъмин гардад ва дар ҳар як оила барои тирамоҳу зимистони дарпешистода аз имрӯз сар карда, захираи зарурии озуқаворӣ ташкил карда шавад.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд.
Барои истеҳсоли маҳсулоти фаровони кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мо тамоми имкониятҳо, аз ҷумла замин, об, дигар шароиту захираҳои зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мардуми заҳматдӯст ва кишоварзони асилу соҳибтаҷриба дорем.
Ба мо фақат зарур аст, ки аз имконияту захираҳои доштаамон, анъана ва таҷрибаву малакаи заминдориву кишоварзии аз аҷдодамон бамеросмонда самараноку оқилона истифода барем.
Махсусан, истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ки солҳои вазнини 90 –ум мардумро аз гуруснагӣ наҷот дода буданд, имрӯз барои таъмин намудани ҳар як оила, фаровонии бозорҳо ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот бисёр зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан, исрофи нон ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем.
Воқеан, исрофкориро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад ва Худованд дар каломи осмонии худ дар ояти бисту ҳафтуми сураи "Исро" мефармояд: – "Ба дурустӣ ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст".
Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои тарбияи фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, яъне беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии оила ва фарзандон, ободии хонаи истиқоматӣ ва маҳалли зист равона карда шаванд.
Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо вазифадорем баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намоем ва ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморем.
Комментарии (0)