COVID-19 ба сохтмони НБО “Роғун” таъсир накард: корҳо тибқи нақшаи муқаррарӣ идома доранд
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки коронавирус чандон ба рафти сохтмони иншоотҳои стратегӣ халал нарасондааст
Зувайдзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ таъсири Ковид-19 ба сохтмони иншоотҳои стратегии муҳими ҷумҳуриявиро шарҳ дод.
Ба гуфтаи Зувайдзода, дар ҳоли ҳозир дар сохтмони иншоотҳои стратегӣ ҳеҷ мушкилие нест ва коронавирус ба рафти сохтмони НБО “Роғун” таъсире нарасонидааст.
“Мо таҳлил гузарондем. Тибқи таҳлилҳои мо дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ мушкилоти қафомонии сохтмон ҷумла дар сохтмони НБО “Роғун”, мушоҳида нашудааст”, - гуфт Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Зувайдзода Маҳмадсаид таъкид кард, ки сохтмони НБО “Роғун” тибқи нақшаи муқаррарӣ идома дорад.
Ҳамзамон вай қайд кард, ки сохтмони дигар иншоотҳои стратегӣ, аз ҷумла роҳҳо низ идома дорад.
Вай гуфт, ки дар ҳоли ҳозир, сохтмони роҳҳои Душанбе-Бохтар, Душанбе –Нуробод ва ғайра бо суръат идома дорад.
“Мо комиссия ташкил кардем ва то ҳол ягон мушкилот дар рафти сохтмони иншоотҳои стратегӣ ошкор накардем”, - зикр кард Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Комментарии (0)