Тағйирот дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: барканории Аҳмадзодаву мақоми нави Зувайдзода
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон тағйироти кадрӣ гузаронид
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармоне Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалолро аз раҳбарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барканор кардааст.
Манбаъ сабаби барканории Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалолро ба синни нафақа расидани ӯ арзёбӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон бо фармони раисиҷумҳур Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Ёдовар мешавем Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд то ин замон дар вазифаи муовини шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ кор мекард.
Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд 51-сол дошта аз рӯи касб муҳандис-сохтмончӣ мебошад.
Комментарии (0)