< Аз 10 ҳазор гузашт: омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз 10 ҳазор гузашт: омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Аз 10 ҳазор гузашт: омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори охири коронавирус ба ҳолати шоми имрӯзро нашр кард

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Манбаъ таъкид кард, ки дар маҷмуъ аз 30 апрел то 6 октябр теъдоди гирифторони коронавирус ба 10 ҳазору 14 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавзеҳ дод, ки то имрӯз дар мамлакат 8 ҳазору 837  нафар ё худ 88,2%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 78 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 54 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 43 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий