< Се маротиба ба шикамаш корд зад: боздошти ҷавони 23-сола » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се маротиба ба шикамаш корд зад: боздошти ҷавони 23-сола

Се маротиба ба шикамаш корд зад: боздошти ҷавони 23-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани ҷавони 23-сола ба иттиҳоми сӯиқасд хабар медиҳад

Тибқи иттилои ВКД, аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур, рӯзи 4-уми октябр тахминан соати 22:00 рух додааст.

Бино ба гузориши ВКД, номбурда ҳангоми дар кӯчаи Т. Собирии шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, аз рӯи муноқишаи ба миён омада бо марди 41-солаи сокини кӯчаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3-маротиба ба қисмати шикамаш задааст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий