< Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод

Ду заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат Душанберо такон дод
Дар даҳ дақиқа субҳи имрӯз заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Ваҳдат пойтахти Тоҷикистонро такон дод

Бино бар иттилои Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон, дар наздикии шаҳри Ваҳдат ду заминҷунбӣ дар соати 6:25 ва 6:35 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки маркази заминҷунбӣ 22 ва 19  километри ҷануб шарқи пойтах дар минтақаи Ваҳдат сурат гирифтааст.     

Аввалин шиддати заминҷунбӣ  3 балро ташкиллл медод, аммо шиддати дувуми заминҷунбӣ сахттар буд ва тақрибан 4 баларо ташкил медод.

Шиддати замимҷунби дар Душанбе 2-3 балл ва 3-4 балро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар ҳоли ҳозир талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий