< Cенатори амрикоӣ: ҷанг бо Эрон бенатиҷа ва ғайриқонунӣ аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Cенатори амрикоӣ: ҷанг бо Эрон бенатиҷа ва ғайриқонунӣ аст

Cенатори амрикоӣ: ҷанг бо Эрон бенатиҷа ва ғайриқонунӣ аст
Тибқи гуфтаи ӯ, Доналд Трамп аз “ҷанги ғайриқонунӣ” бар зидди Эрон ба таври ошкоро истифодаи сиёсӣ мекунад.

Ван Ҳоллен гуфт, ки президенти Амрико ҳамчунон аз вазъи душворе, ки барои шаҳрвандони амрикоӣ, аз ҷумла аз паёмадҳои ҷанги, ба гуфтаи ӯ, “бенатиҷа” бо Эрон, манфиат мебинад.

Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки баҳсҳо дар Вашингтон дар бораи салоҳияти президент барои оғози амалиёти низомӣ бар зидди Эрон бидуни иҷозаи мустақими Конгресс идома доранд. Баъзе сенаторҳои демократ аз Трамп талаб доранд, ки доираи ваколатҳои ҷангии худро маҳдуд кунад.

Берни Сандерс, сенатори мустақил ва яке аз мунтақидони дигари сиёсати Трамп, низ сиёсати хориҷии президентро зери танқид гирифтааст.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии «X» навиштааст, ки коҳиши нуфузи ИМА дар ҷаҳон бесабаб нест. Ба гуфтаи Сандерс, Трамп ҳамзамон бо Эрон даргирии низомӣ, бо Канада ҷанги тиҷоратӣ ва бо Чин рақобати шадид дорад ва ҳамзамон бо пуштибонӣ аз Бенямин Нетаняҳу ба ташдиди бӯҳронҳои минтақаӣ мусоидат мекунад.

Сандерс қаблан низ бо пешниҳоди ташаббусҳои қонунгузорӣ талош карда буд, ки истифодаи маблағҳои федералӣ барои амалиёти низомии ИМА бар зидди Эрон бидуни иҷозаи Конгресс манъ карда шавад.

Мухолифати як қисми сенаторҳои демократ ба ҷанг бо Эрон ба баҳси васеътар дар ИМА дар бораи ваколатҳои президент ва нақши Конгресс дар тасмимгирӣ барои оғози ҷанг табдил ёфтааст.

Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий