< Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд

Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд, дар вохӯрӣ дурнамои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки барои тарафҳо судманд баррасӣ гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маъданҳои муҳим, энергетика, инфрасохтор ва авиатсия, зеҳни сунъӣ ва марказҳои коркарди маълумот, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зоҳир гардид. Ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушд ҳавасмандии худро ба густариши фаъолият дар Тоҷикистон, омӯзиши лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва анҷом додани сафар ба мамлакат  барои шиносоии наздик бо имконоти сармоягузории Тоҷикистон изҳор намуд.


Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий