< Паёми тунди Пизишкиён ба сафирони хориҷӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Паёми тунди Пизишкиён ба сафирони хориҷӣ

Паёми тунди Пизишкиён ба сафирони хориҷӣ
​Масъуд Пизишкиён рӯзи 27-уми август дар вақти гусели сафирони нави Эрон ба Кореяи Ҷанубӣ, Беларус, Ҷумҳурии Чех, Қазоқистон ва Сингапур таъкид намуд, ки сиёсати хориҷии кишвараш ҳамеша бар пояи сулҳ ва ҳамкорӣ қарор доштааст.

Ӯ аз дипломатҳои нав хост дар кишварҳо барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ талош кунанд.

Аммо паёми рӯшани президент ба сафирон ин буд, ки муносибатҳои байналмилалӣ набояд ба рақобат барои ба даст овардани манфиатҳои бештар бошад.

«Манфиати ҳеч киишваре бо зиёдахоҳӣ таъмин нахоҳад шуд» -таъкид намуд Масъуд Пизишкиён ва афзуд, ки барои ҳар ду кишвар бояд имконияти баҳрабардорӣ аз ҳамкорӣ фароҳам карда шавад.

Ба асоси гуфтаи ӯ, муносибатҳои хориҷии Эрон бояд бар асоси манфиатҳои муштарак ва принсипи «бурд-бурд» рушд кунад.
Масъуд Пизишкиён ҳамчунин, аз сафирони худ хост монеаҳоро дар роҳи рушди муносибатҳои дуҷониба бартараф намуда, барои беҳтар намудани робитаҳои Теҳрон бо кишварҳои дигар замина фароҳам созанд.

Президенти Эрон афзуд, ки дипломатҳо бояд на фақат намояндаи сиёсати кишвар, балки «паёмовари сулҳ, ваҳдат ва оромӣ бошанд».
Ӯ дар суханронии худ ба муносибати иди Мабъас ба таърихи ислом низ ишора карда, аз оштӣ шудани қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ҳамчун намунаи он ёд намуд, ки чӣ гуна ихтилофҳои тӯлонӣ метавонанд ба воситаи пайдо намудани як заминаи муштарак коҳиш ёбанд.
Пизишкиён таъкид намуд, ки таҷрибаи талх метавонад барои ҷаҳони имрӯз низ дарси муҳим дошта бошад. Дар ин маросим панҷ сафири нави Эрон дар хусуси имкониятҳои густариши робитаҳо бо кишварҳо аз фаъолияти худ гузориш додаанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий