Эълони сана ва хатсайри парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия-ҷадвал

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон санаи парвозҳо барои баргардондани шаҳрвандон аз шаҳрҳои гуногуни Русияро эълон кард
Тибқи иттилои ВУХ Тоҷикистон, аз 25 июн парвозҳои чартерӣ барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбурги Русия оғоз мегардад.
Вазорати умури хориҷӣ таъкид кардааст, ки ҷадвали зерин, ки бо мақомоти дахлдори Русия мувофиқа шудааст:
- 25 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
- 26 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Қазон – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
- 30 июни 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
- 1 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
- 6 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – СанктПетербург – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр"
- 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
- 13 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр"
- 14 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр".
Зикр шудааст, ки бо дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба ва аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад.
Комментарии (0)