< МАКТАБ ДАР ВАГОНИ КӮҲНА ДАР КАНОРИ ПОЙТАХТ (АКС) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МАКТАБ ДАР ВАГОНИ КӮҲНА ДАР КАНОРИ ПОЙТАХТ (АКС)

МАКТАБ ДАР ВАГОНИ КӮҲНА ДАР КАНОРИ ПОЙТАХТ (АКС)

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 119 дар ҳудуди деҳаи Маърифатии ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буданарасидани синфхонаҳои иловагӣ хонандагони онро ба мушкилӣ мувоҷеҳ сохтаастМактаб 10 синфхона дошта, 568 нафар хонандаи он дар се баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. "Бино”-и китобхонаи муассиса дар вагонҳои кӯҳнаи чӯбӣ ҷойгир мебошад... 

Бознашр аз сомонаи "Фараж”

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 119 дар ҳудуди деҳаи Маърифатии ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буданарасидани синфхонаҳои иловагӣ хонандагони онро ба мушкилӣ мувоҷеҳ сохтаастМактаб 10 синфхона дошта, 568 нафар хонандаи он дар се баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Директори муассиса Фотима Муҳиддинова, дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки бо ёрии падару модарон сохтмони 2 синфхонаи иловагӣдар шафати бинои асосӣ,идома дорад.

— Аз ҷониби падару модарон даҳ ҳазор сомонӣ ва аз тарафи ҳукумати ноҳияҳазор сомонӣдар маҷмӯъ, 14 ҳазор сомонӣ барои бунёди синфхонаҳо маблағ ҷудо гардидааст изҳор дошт сарвари муассиса.

— Моҳи сентябр барои сохтмони синфхонаҳо аз ҳар хонанда, дар ҳаҷми аз 30 то50 сомонӣ маблағ ҷамъ кардандки хонаводаи мо бароинафар 100 сомонӣ маблағ супорид, — мегӯяд сокини деҳа Муҳиддин Ғаниев.

"Бино”-и китобхонаи муассиса дар вагонҳои кӯҳнаи чӯбӣ ҷойгир мебошад ва дар ин вазъи носозгор бо кадом мушкилӣ рӯ ба рӯ шудани хонандагон танҳо ба худашон маълум асту халос.

Вақте аз директори муассиса сабаби дар ин ҳолат қарор доштани биноро пурсон шудем, баён кард, ки моҳи июли соли 2020 бо ёрии падару модарон ва маблағгузории ҳукумати ноҳия сохтмони китобхона ва толори варзиширо ба нақша гирифтаанд. Вале падару модарон иддао доранд, ки сохтмони иншоот бигзор бе ёрии молиявии онҳо, танҳо бо маблағгузории давлат бунёд шавад, чунки аз ҳар хонавода 3-4 хонанда дар мактаб таҳсил мекунад ва барои волидайн супоридани 90-100 сомонӣ аз доираи имконот берун аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий