< 77 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЛША ПАНОҲГОҲ ХОСТААНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

77 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЛША ПАНОҲГОҲ ХОСТААНД

77 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЛША ПАНОҲГОҲ ХОСТААНД

Дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ, 77 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша (Лаҳистон) дархости паноҳандагӣ кардаанд, вале мақомоти ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо танҳо ба 18 нафар мақоми паноҳанда дода, дархости 54 паноҳҷӯи тоҷикро рад кардаанд. Соли 2018 аз Полша 144 шаҳрванди Тоҷикистон дархости ҳимояти байналмилалӣ карда буд. Соли 2017 шумораи чунин нафарон 85 нафар, вале дар соли рекордии 2016 аз Тоҷикистон 882 нафар хостори паноҳгоҳи сиёсӣ дар Полша шуда буд. Дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳи сиёсӣ рӯ ба Аврупо овардани зодагони Тоҷикистон бахусус аз соли 2015 ба ин тараф, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ ва "Гуруҳи 24” ва афзоиши саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт. Бино ба ҳисобҳо, дар чанд соли охир аз 8 то 10 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд. Вале сар аз соли 2017, дар пайи рад шудани дархости садҳо нафар, мавҷи паноҳҷӯёни тоҷик ба Аврупо рӯ ба коҳиш овард.

Якуб Дудзяк, сухангӯи Идораи умури хориҷиёни Полша (Лаҳистон) дар мусоҳиба бо радиои Полша гуфт, дар 9 моҳи аввали соли 2019 дар маҷмӯъ беш аз 2900 нафар бо дархости ҳимояти байналмилалӣ ба мақомоти ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо муроҷиат кардаанд. Ин назар ба айни давраи соли 2018 тақрибан 5 дарсад камтар будааст.

Аммо аз наздики 3 ҳазор паноҳҷӯ мақомоти Полша танҳо ба 217 нафар мақоми паноҳандагӣ дода, дархости 1300 нафарро рад карда ва ҳудуди 1500 дархости дигарро қатъ кардаанд. Якоб Дудзяк гуфт, баррасии дархостҳо асосан ба далели ҳанӯз то қабули қарор аз қаламрави Полша ва асосан ба кишварҳои ғарби Аврупо рафтани паноҳҷӯён қатъ карда мешавад.

Полша дар 9 моҳи аввали сол ба 67 шаҳрванди Русия, 37 шаҳрванди Туркия, 18 шаҳрванди Украина ва 18 шаҳрванди Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ ё ҳимояти иловагӣ додааст. Дар айни замон 718 шаҳрванди Русия, 257 шаҳрванди Украина ва 54 шаҳрванди Тоҷикистон ба дархости паноҳгоҳ дар Полша ҷавоби рад гирифтаанд.

Бино ба иттилои Идораи умури хориҷиёни Полша, дар байни 5 кишваре, ки шаҳрвандонашон аз ҳама бештар дархости паноҳгоҳ дар ин кишвари Аврупо мекунанд, Русия бо 1860 дархост дар ҷои аввал, Украина бо 345 дархост дар ҷои дуюм қарор доранд. Тоҷикистон, ки имсол 77 шаҳрвандаш аз Полша паноҳгоҳ пурсидааст, дар ин раддабандӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.

Соли гузашта 144 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша (Лаҳистон) дархости паноҳандагӣ карда буд. Ин назар ба 85 паноҳҷӯи тоҷике, ки соли 2017 аз ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо паноҳ хостаанд, 70 дарсад бештар, вале дар муқоиса бо 882 шаҳрванди Тоҷикистон, ки соли 2016 ба Полша паноҳ оварданд, 6 маротиба камтар аст.

Ба Аврупо фурӯ рехтани сели паноҳҷӯёни тоҷик аз соли 2015 ба ин тараф, дар пайи дар Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти созмонҳои оппозитсионии "Гуруҳи 24” ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) афзоиш ёфт. Нуқтаи авҷи ба Аврупо рехтани паноҳҷёни тоҷик ба солҳои 2015-2016 рост омад.

Аксари онҳое, ки аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳимояти байналмилалӣ мехоҳанд, худро аз аъзо ё ҳаводорони "Гуруҳи 24” ё ҲНИТ муаррифӣ мекунанд ваё мегӯянд, ба маҳзи пайравӣ ба ҷараёнҳои навбаромади мазҳабие, чун Салафия дар Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Дар байни онҳое, ки дар чанд соли охир ба Аврупо паноҳ оварданд, ҳамчунин журналистону адибон ва дигар равшанфикрони тоҷик низ зиёданд.

Яке аз масирҳои умдаи ҳаракати паноҳҷӯёни тоҷик ба самти Аврупо Полша ба шумор мерафт. Паноҳҷӯёни тоҷик асосан тавассути Брести Беларус ва қисман аз тариқи қаламрави Украина худро ба марзи Полша расонда, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ мекунанд.

Бино ба омори Евростат, дар соли 2016 фақат аз Полша 882 шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Аммо аз соли 2017 ин мавҷ шадидан рӯ ба коҳиш овард ва дар ин сол аз Полша танҳо 85 зодаи Тоҷикистон паноҳгоҳ пурсидаанд.

144 нафар паноҳҷӯи тоҷике, ки аз ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2018 паноҳгоҳ хостаанд, назар ба соли 2017 тақрибан 70 дарсад бештар мебошад, вале нисбат ба соли 2016 – нуқтаи авҷи ба Аврупо, аз ҷумла ба Полша фурӯ рехтани паноҳҷӯёни тоҷик, 6 маротиба камтар аст. 

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, як сабаби коҳиши шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар Полша зиёд шудани шумораи дархостҳои радшуда аз ҷониби мақомоти ин кишвар аст. Аз тарафи дигар, соли 2018 дар Полша чанд паноҳҷӯи тоҷик, аз ҷумла Ҳабибулло ва Маҳмадӣ Тешаевҳо боздошт шуданд ва Ҳабибулло Тешаев танҳо бар асоси ҳукми Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар тавонист худро аз таҳдиди ихроҷ аз Полша ва истирдод ба Тоҷикистон халос кунад.

Моҳи сентябри соли 2019 бошад, мақомоти Полша Мустафо Ҳаётов, як узви "Гуруҳи 24”-ро ба Тоҷикистон доданд. Ихроҷи Ҳаётов (ДАР АКС) нахустин мавриди ба Тоҷикистон супурдани як паноҳҷӯи тоҷик аз ҷониби кишварҳои Аврупо буд.


Як мушкили дигар ин аст, ки имтиёзҳои Полша барои паноҳҷӯён чандон зиёду ҷаззоб нест ва бисёрии паноҳҷӯён баъди супурдани дархости паноҳандагӣ ба ин кишвар ба кишварҳои дигари Аврупо, ба мисли Олмон, Австрия, Фаронса ё Шветсияву Норвегия, ки барои паноҳҷӯён имтиёзҳои фаровонеро қоиланд, мераванд. Аммо тибқи қонунҳои Аврупо, аз ҷумла паймони Дублин, аксари чунин паноҳҷӯёнро ба кишвари аввале, ки вориди Иттиҳодияи Аврупо шудаанд, бармегардонанд ва дар ин сурат мақомоти кишвари мизбон метавонанд паноҳҷӯро барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ихроҷ ва ҳатто ба Тоҷикистон истирдод кунанд.

Ҳоло бо кам шудани таваҷҷуҳ ба самти Полша, паноҳҷӯёни тоҷик бештар ба кишварҳои дигари узви Иттиҳодияи Аврупо, бахусус кишварҳои соҳили Балтик – Латвия, Литва ва Эстония бештар рӯ меоранд. Паноҳҷӯёни тоҷик мегӯянд, бо онки имтиёзҳои барои паноҳандагон муқарраршуда дар ин кишварҳо аз Полша фарқи чандоне надорад, дархости паноҳандагӣ дар ин се кишвари соҳили Балтик хеле осонтару зудтар баррасӣ мешавад ва имкони ба даст овардани мақоми расмии паноҳандагӣ ҳам дар инҷо хеле бештар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий