< АЗОНИХУДКУНӢ Ё ИСРОФКОРӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АЗОНИХУДКУНӢ Ё ИСРОФКОРӢ

АЗОНИХУДКУНӢ Ё ИСРОФКОРӢ
15.11.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ш-нд, Ёдгоров Исмоил Ҳомидович 1987 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқ. ҷ/д  Меҳвар, деҳ. Ю.Темиз, дар вазифаи хазинадор оид ба қабули  маблағҳои  каммуналии Филиалии №51 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар н.Панҷ фаъолият карда, бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш бо роҳи сохтакорӣ аз санаи 05.12.2014 сол то 08.08.2015 сол дар 224-ҳолат, ҷамъ ба маблағи 296.381-сомониро азонихуд карда, ба манфиати шахсияш сарф намудааст. Баъдан ш-нд, Ёдгоров И.Ҳ. ҳангоми дар вазифаи муовини сармуҳосиби филиали мазкур кору фаъолият карданаш, бо маслиҳати   пешакӣ бо хазинадор оиди  қабули маблағҳои комуналӣ ш-нд, Нуров Назаралӣ Раҳимбекович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. ҷ/д Меҳвар, деҳ. Бурхиён бо суистифода аз ваколатҳои мансабиашон  бо роҳи   сохтакорӣ намудани ҳисоботҳо ва нобуд сохтани лентаи мошинаи хотираи фискалӣ дар давраи аз 02.09.2015 то 08.07.2016 сол дар 238-ҳолат, ҷамъ ба маблағи 675.542-сомониро азонихуд намуда, ба   манфиати шахсиашон сарф намудаанд. Нисбати ш-нд, Ёдгоров И.Ҳ. ва Нуров Н.Р. аз тарафи  Прок. вил.Хатлон п/ҷиноятӣ таҳти №27181 иловаи 2 аз 15.11.2019 сол бо моддаҳои 245 қ.4 ва 323 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий