< Кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 17- ум ба замин сарозер шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 17- ум ба замин сарозер шуд

Кӯдаки тоҷик аз ошёнаи 17- ум ба замин сарозер шуд
Кӯдак аснои аз баландӣ ба поён сарозер шудан, аввал болои дарахт афтод ва сипас дар замин зад. Эҳтимо дарахт боиси аз марг наҷот ёфтани инатфоли тоҷик гардид

Дар деҳаи Дубкии вилояти Маскав як шаҳрванди кӯчаки Тоҷикистон аз ошёнаи 17 - уми бинои истиқоматӣ ба замин сарозер шуда, зинда мондаст, хабар медиҳад Подмоскове сегодня.

Ба хабари манбаъ, кӯдакро фавран ба беморхонаи наздиктарини вилоятӣ  интиқол доданд. Пизишкон мегӯянд, ҳарчанд тифл аснои сарозер шудан аз чанд қисмати баданаш шикаст хурдаст, вале  феълан ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад.

Гуфта мешавад, волидони кӯдак як сол пеш аз Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор ба Русия омаданд ва замони сарозер шудани фарзандашон онҳо дар ҷойи кор қарор доштанд.

Духтарчаи онҳоро як хешовандашон нигоҳубинӣ мекард. 

Бар хабари сарчашма, духтарак курсиро назди тиреза оварда онро кушодаст ва ба поён сарозер шудаст. Аснои афтидан, ӯ аввал болои дарахт ва сипас ба замин задаст.  

Ҳамсояҳои онҳо бар ин боваранд, ки ҷони кӯдакро дарахт аз марг наҷот додаст. Хешовандонаш бошад, ин ҳодисаро ҳамчун мӯъҷиза маънидод мекунанд, зеро "аз ошёнаи 17 - ум ба поён сарозер шуда ва зинда мондан, қариб ғайриимкон аст, мегӯянд онҳо.

Феълан ин муҳоҷирдухтари тоҷик дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий