< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
29.10.2019 тахминан соати 19.10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»,     р/д ТҶ 11-91 СН/02 шаҳрванд Қулматов Ҳусейн Мамадалиевич 1963 с/т, миллаташ ӯзбек, ҷойи кораш раиси хоҷагии деҳқонии “Истиқлол”, истиқ. ҷ/д Пулотон, кӯч. Қузиев х.65, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Патар-Пулотон”, дар километри 1-уми ҳудуди ҷ/д Патар бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Турсунов Шӯҳрат Уктамович 1975 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқ. ҷ/д Патар, кӯч. Навобод х.8-ро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Турсунов Ш.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

30.10.2019 тахминан соати 13.30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5511»,     р/д 88-59 ВЕ/03 шаҳрванд Аллаёров Туйдӣ Суюнович 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқ. ҷ/д Пахтаобод, деҳ. Пахтаобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳ. Чорбоғ ба самти деҳ. Пахтаобод, дар ҳудуди деҳ. Корез бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, автомашинаро ба тарафи чапи роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири а/м мазкур шаҳрванд Тангирова Сабоҳат Давлатовна 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Пахтаобод, деҳ. Пахтаобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий