< ҚАЛЛОБӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ

ҚАЛЛОБӢ
30.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷонмаҳмадова Мавзуна Шералиевна 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Маяковский х.39, ҳ.20 дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи августи соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон Шарифов Суҳроб Шарифович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Испечак-2 М-10 х.2, ҳ.82 ва Абдурозиқов Акбар Муҳаммадсидиқович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Г.Завқибеков х.35 даромада, аз онҳо барои пардохт намудани маблағи қарзии Ширкати қаннодии ҶДММ “Таджеро” 49.100-сомониро гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст. Инчунин, шаҳрванд Ҷонмаҳмадова М.Ш. санаи 18.07.2019 сол бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Турсунова Насиба Неъматуллоевна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Маяковский х.93, ҳ.67 даромада, аз ӯ барои фурӯш ба маблағи 38.179-сомонӣ маҳсулоти қаннодиро гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Оиди ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ш.Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қ.3 ва 245 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

30.10.2019 шаҳрванд Зоиров Бобоҷон Мустафоқулович 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Ҳ.Шерозӣ х.8, ҳ.14 ба ШВКД н.Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки моҳи июни соли 2016 шаҳрванд Одинаев Орифҷон Раҷабович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Авесто х.38, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 35.900-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий