< ДУЗДИИ МОТОСИКЛ, ЧОРВО ВА .... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДИИ МОТОСИКЛ, ЧОРВО ВА ....

ДУЗДИИ МОТОСИКЛ, ЧОРВО ВА ....
29.10.2019 шаҳрванд Худойқулов Рустамҷон 1956 с/т, миллаташ ӯзбек, ҷойи кораш духтури беморхонаи деҳ. Ошоба, истиқ. ҷ/д Ошоба, деҳ. Ошоба ба ШВКД н.Ашт муроҷиат намуд, ки санаи 27.10.2019 сол тахминан соати 22.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад мотосикли тамғаи “ИЖ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, Муталибов Зафарҷон Бахтиёрович 2002 с/т, миллаташ ӯзбек, намехонад, истиқ. ҷ/д Ошоба, деҳ. Ошоба дастгир карда шуд. 

30.10.2019 шаҳрванд Қурбонов Асадулло 1934 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқ. маҳаллаи Кӯҳдоман х.57 ворид гардид, ки санаи 29.10.2019 сол тахминан соати 12.30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 8.000-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мирзоев Рустамхон Сафарович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Тамошотеппа х.131, пеш бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. 

30.10.2019 шаҳрванд Эмомов Алидод Аҳмадхонович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Саричашма, деҳ. Қавоқ ба ШВКД н.Ш.Шоҳин муроҷиат намуд, ки санаи 24.10.2019 сол тахминан соати 17.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи мавзеи “Сари-Чукаш”, воқеъ дар деҳ. Қавоқ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5.000-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

30.10.2019 шаҳрванд Абдураҳмонов Тоҷиддин Ғуломович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Вахш, кӯч. Ширинов х.24 ба ШВКД н.Вахш муроҷиат намуд, ки санаи 26.10.2019 сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи хӯроквории “Саймеҳтоҷ”, воқеъ дар кӯч. И.Сомонӣ 1-адад велосипеди тамғаи “Аист”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 350-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий