
29.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Салимов Рамазон Темуршоевич 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Рӯдакӣ, деҳ. Рӯдакӣ, пеш бо моддаи 248 КҶ ҶТ суд шудааст, санаи 28.10.2019 сол дар асоси қонуни “Дар бораи Авф” аз маҳбас озод шуда буд, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 29.10.2019 сол тахминан соати 19.30-дақиқа дар ҳудуди деҳ. Рӯдакӣ дар ҳолати мастӣ бо тариқи зӯроварӣ аз дасти шаҳрванд Набиева Раҷабмоҳ Саидшоевна 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Рӯдакӣ, деҳ. Рӯдакӣ, 1-адад “МР-3”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 80-сомониро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрванд Салимов Р.Т. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қ.3 КҶ ҶТ аз 29.10.2019 сол оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)