ҚАЛЛОБӢ
28.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Собиров Шокир Ҷабборович 1954 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Айнӣ х.50/51, ҳ.84, дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи декабри соли 2007 дар вазифаи директори ҶДММ “Винбокс”, дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи октябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо писараш, Собиров Умед Шокирович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҳамон ҷо, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Табарова Гулчеҳра 1961 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Зарнисор х.14, ҳ.3 даромада, аз ӯ ба маблағи 71.125-доллари ИМА гирифта, ваъда додаанд, ки ба ӯ аз бинои баландошёнаи сохтумонаш нотамом, воқеъ дар кӯч. А.Дониш, хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳанд, аммо маблағи гирифтаашонро то ҳол барнагардонида, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 28.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки шаҳрванд Абдурашидов Нуралӣ Исматович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Бохтар, кӯч. Кайҳонавардон х.78, ҳ.71, моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ғайбуллоев Нурулло Амонович, истиқ. ш.Душанбе, кӯч. Раҳмонов х.46, ҳ.37 даромада, аз амборхонааш, воқеъ дар ш.Ҳисор, ба миқдори 143-тонна нуриҳои минералии “Супер фосфор карбомит”, ба маблағи 432.000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта маблағашро бармегардонад, аммо нуриҳои минералиро фурӯхта маблағи 204.000-сомониашро дода, боқимонда маблағи 228.000-сомониро ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
28.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки шаҳрванд Назармуҳаммадзода Муҳаммаднидо 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Гулхона, кӯч. А.Собиров х.1, пеш бо моддаи 247 қ.3 КҶ ҶТ суд шудааст, аз санаи 18.10.2018 сол то моҳи январи соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ҷалилова Фирӯза Халиловна 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Кулоб, кӯч. Нонвойи поён х.б/р даромада, аз ӯ бо баҳонаи аз ҷазои ҷиноятӣ озод кардани писараш, Муъминов Давлат Нусратуллоевич, ки бо моддаи 200 қ.3 КҶ ҶТ суд шудааст, 151.540-сомонӣ гирифта, ба манфитаи шахсиаш сарф намудааст. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
28.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи шаҳрванд Шахидов Амонулло Муродович 1962 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ш.Панҷакент, ҷ/д Вору, деҳ. Гулистон дастгир карда шуд. Номбурда, аввалҳои соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Баҳриддинова Қудбиниссо Низомовна 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Маяковский х.73/1, ҳ.19 даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар суроғаи дар боло зикр шударо ба шаҳрванд Ибронов Баҳриддин ба гарав гузошта, аз ӯ 25.000-доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-моҳ маблағи гирифтаашро ба шаҳрванд Ибронов Б. баргардонида, хонаро аз гарав озод мекунад. Лекин то ҳол маблағи гирифтаашро бар нагардонидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)