< ДУЗДӢ ДАР МАҒОЗА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ ДАР МАҒОЗА

ДУЗДӢ ДАР МАҒОЗА
28.10.2019 шаҳрванд Ахунов Фирдавс Темирович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, соҳибкор, истиқ. кӯч. Пушкин х.46, ҳ.22 ба ШВКД ш.Истаравшан муроҷиат намуд, ки охирҳои моҳи ноябри соли 2018  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар маркази савдои “Дилшоди Барно” даромада, аз он ҷо 1-адад сумкаи занона, ки дар дохилаш 14.000-сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Негматова Раҳбар Юлдошовна 1979 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқ. ҷ/д Сабристон, деҳ. Ругунд  дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий