СӮХТОР
21.10.2019 тахминан соати 21.35-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Саидов Файзулло 1937 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ғафор, деҳ. Оби Рушан, н.Ховалинг дар масоҳати 10-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 2800-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. 22.10.2019 тахминан соати 13.15-дақиқа дар коҳдонхонаи шаҳрванд Ҳафизова Самира Ҳафизовна 1952 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Меҳвар, деҳ. Эчка, н.Панҷ дар масоҳати 22-метри мураббаъ, сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷа болопӯши коҳдонхона ва 1150-кг алафи хушк сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 4700-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии кӯдакон мебошад.
Комментарии (0)