ҚАЛЛОБӢ
22.10.2019 шаҳрванд Низомов Саидхӯҷа Мирзохӯҷаевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Каленин х.1 ба ШВКД н.Сино-1 муроҷиат намуд, ки моҳи июли соли 2019 шаҳрванд Насруллоев Манучеҳр Хайриддинович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Зарафшон х.8, ҳ.8, пеш бо моддаҳои 161 КҶ Ф.Россия ва 299 КҶ Ҷумҳурии Қирғизистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад а/м тамғаи “Хундай Салярис”, р/д 88-96 ТТ/05-ро, ки ба шаҳрванд Низомова Ҷамила Мирзохуҷаевна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Меҳробод х.1, тааллуқ дорад, гирифта, а/м-ро ба шаҳрванд Диловаршои Нозим 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чоргултеппа, деҳ.Баҳористон, ба маблағи 100.000-сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст овардаашро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.22.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Хумбетов Ёқубҷон Муродалиевич 1999 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргултеппа, деҳ. Пахтакор, аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии корманди ҶДММ “Барзгар-2017” шаҳрванд Баротов Шамсулло Мухторович 1972 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Испечак-2 М-24 х.6 даромада, аз ӯ ба маблағи 988.461-сомонӣ орд гирифта, ваъда додааст, ки фурӯхта маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Комментарии (0)