< ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛИ БА ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛИ БА ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА

ТАСАРРУФИ ПУЛУ МОЛИ БА ТАРИҚИ КРЕДИТ ДОДАШУДА
22.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Исматов Нурулло Хайруллоевич 1966 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳ.Қуштеппа, дастгир карда шуд. Номбурда, бо маслиҳати пешакӣ бо ш-ндон, Исматов Умар Нуруллоевич 1987 с/т ва Ҷалилова Хуршеда Кадировна 1966 с/т, миллаташон тоҷик, истиқоматкунандаиҳамон ҷо, бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит дода шуда, ҳуҷҷатҳои бо роҳи сохтакорӣ тайёркардашударо бо баҳонаи таъмири манзили истиқоматӣ ба ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод намуда, санаи 09.02.2015 сол шартномаи кредитии ғайриқонунӣ таҳти №0/001-03/157540-002-ро ба имзо расонида, аз бонки мазкур маблағи 4500-доллари ИМА тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намудаанд. Баъдан шаҳрванд Исматов У.Н. бо мақсади тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит дода шуда, ҳуҷҷатҳои бо роҳи сохтакорӣ тайёркардашударо бо баҳонаи таъмири манзили истиқоматӣ ба ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод намуда, санаи 09.02.2015 сол, шартномаи кредитии ғайриконуниро таҳти №С/001-06/261044-001-ро ба имзо расонида, аз бонки мазкур маблағи 4500-доллари ИМА тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст. Ҳамзамон шаҳрванд Ҷалилова Х.К. аз бонки мазкур бо ҳамин роҳ ба маблағи 4500-доллари ИМА ғайриқонунӣ кредит гирифта, тасарруф намудааст. Нисбати шаҳрвандон, Исматов Н.Х., Исматов У.Н. ва Ҷалилова Х.К. аз тарафи РТ ВКД ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.2, 340 банди «б» ва 246 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий