< ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ БО МАРГИ РОНАНДА АНҶОМ ЁФТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ БО МАРГИ РОНАНДА АНҶОМ ЁФТ

ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТИ РОҲ БО МАРГИ РОНАНДА АНҶОМ ЁФТ
21.10.2019 тахминан соати 18.40 дақиқа ронандаи  а/м тамғаи   «Ваз-21099», р/д 20-59 АА/08 шаҳрванд Ғаниев Раҳмуддин Маҳмадаминович 1997 с/т, миллаташ тоҷик,  истиқоматкунандаи ҷ/д Навдӣ, деҳ. Ғарми боло, дар шоҳроҳи мошингарди “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар 162-200 км ҳангоми ҳаракат кардан дар ҷ/ш Ғарм, кӯч. И.Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, а/м-ро чаппа кардааст. Дар натиҷа худи ронанда, Ғаниев Р.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий