ДУЗДӢ ДАР ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДИ ХИТОЙӢ
22.10.2019 шаҳрванд Алимова Мошариф Аъзамовна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Меҳнатобод, деҳ. Меҳнатобод ба ШВКД н.Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 26.09.2019 сол тахминан соати 09.10 дақиқа шаҳрванд Ҷабборов Наврӯзҷон Абдухолиқович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, маҳ.Борбад х.30, ҳ.6, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқчаи чӯбин 1700-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ба шаҳрванд Алимова М.А. ҷамъ ба маблағи 10.400-сомонӣ зарари ҷидди расонидааст. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 22.10.2019 шаҳрванди Ҷумҳурии Чин Зинг Ҷов 1996 с/т, миллаташ хитойӣ, истиқоматкунандаи ҷ/д Айнӣ, деҳ. Айнӣ, муҳосиби ширкати Чинии “Тева” дар н.Айнӣ ба ШВКД муроҷиат намуд, ки шаби 21 ба 22.10.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сумкааш 1-адад ноутбуки тамғаи “Леново”, ки арзишаш 4500-сомонӣ, ҳуҷҷатҳои шахсӣ, шиносномаи миллии Чин ва 3-адад кортҳои бонкии давлати Чин, ки дар дохилашон 1000-юан-и Чинӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.10.2019 шаҳрванд Самадов Муродҷон Ҳакимович 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сурх, кӯч. Фирдавсӣ х.126 ба ШВКД ш.Исфара-2 муроҷиат намуд, ки аз санаи 08.10.2019 сол то 18.10.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 20.000-сомонӣ, 800-доллари ИМА, 42.000-рубли ФР ва 3-адад ангуштарини тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Самадов М.Ҳ. ҷамъ ба маблағи 35.060-сомонӣ зарар расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.10.2019 шаҳрванд Баллаев Тоҷиддин Аслиддинович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳисор, кӯч. Берунӣ х.52 ба ШВКД ш.Ҳисор муроҷиат намуд, ки санаи 22.10.2019 сол тахминан соати 10-30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин ва нуқрагинро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Баллаев Т.А. ҷамъ ба маблағи 2500-сомонӣ зарари ҷидди расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.10.2019 шаҳрванд Халилова Сайрам Солиҳовна 1959 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳисор, кӯч. Ҳилолӣ х.101 ба ШВКД ш.Ҳисор муроҷиат намуд, ки санаи 22.10.2019 сол тахминан соати 15-30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 80.000-сомонӣ маблағи пули, ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, 4-адад корд ва 3-адад телефони мобилии тамғаи “Флей”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Халилова С.С. ҷамъ ба маблағи 94.300-сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
22.10.2019 шаҳрванд Мавлянова Мавлуда Шакуловна 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч.Чаманзор х.40 ба ШВКД н.Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 15.04.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7500-сомонӣ ва 4-адад либосҳои занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Мавлянова М.Ш. ҷамъ ба маблағи 8500-сомонӣ зарари ҷидди расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)