< Раёсати умури дохилӣ навори мусодира кардани силоҳ аз ноболиғону ҷавононро нашр кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раёсати умури дохилӣ навори мусодира кардани силоҳ аз ноболиғону ҷавононро нашр кард

Раёсати умури дохилӣ навори мусодира кардани силоҳ аз ноболиғону ҷавононро нашр кард

Раёсати умури дохилии Тоҷикистон як ҳафтаи амалиёти шартии "Корд"- ро ҷамъбаст намуда, навори мусодира шудани корд ва дигар силоҳҳои сард аз ҷавонон ва донишомӯзонро нашр намуд

Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон давоми чанд ҳафтаи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти “Корд”- ро пиёда намудаст.

Зимни баргузор кардани ин амалиёт кормандони милитсия аз ҷузвдоничандин  хонандагон мактаб корд ва дигар силоҳҳои сардро дарёфт ва мудира намуданд.

Ба иттилои РВУД аснои баргузории амалиёти мазкур дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷайби як хонандаи синфи 11 як адад воситаи махсуси барқдиҳанда – Электрошокер дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамзамон дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷузвдони ду хонандаи синфи 7 ва 11 як адади корд дарёфт шудаст.

Манбаъ меафзояд, ки танҳо давоми 2 рӯзи аввали амалиёти шартии "Корд", 7 адад корд ва 2 адад воситаи махсуси барқдиҳанда мусодира карда шуд.

Зимнан РВУД мегӯяд, ки дар як ҳафтаи баргузории амалиёти "Корд" 23 адад корду электрошокер ва кастету дастчуб аз дасти ҷавонон ва ноболиғон дарёфт ва мусодира карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий