< ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри  бебориш шуда,  ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 24+26 дараҷа мерасад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 9-14 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона  18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9  ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона  24+26  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий