< ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар буда,  шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.    Шамол аз самти ғарб бо  гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа  хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15  метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва   рӯзона    9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри    бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона  16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10  ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб  бо  гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона  23+25  дараҷа гарм мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий