< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
21.10.2019 тахминан соати 06.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», р/д 29-00 ВК/03 шаҳрванд Сафаров Абдусобир Абдулхайрович 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Левакант, кӯч. Ленин х.3/6, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Бохтар ба самти н.Данғара, дар километри 47-992-уми ҳудуди ҷ/д Сангтуда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба а/м тамғаи “Даймлер-Бенс”, р/д 44-29 JJ/01 таҳти идораи ронанда, Ҷалилов Розиқ Халилович 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Норак, кӯч. Юсуфов х.20, ҳ.4 бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” шаҳрванд Сафаров А.А. ва мусофиронаш шаҳрвандон Қосимзода Раҳмат Маҳмуд 1960 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш раиси суди н.Данғара, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯч. Д.Халқҳо х.68, ҳ.15, Саидов Илҳом Сабурович 1974 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш омӯзгори МТМУ №1, истиқоматкунандаи н.Вахш, кӯч. Телмон х.16, ҳ.4, Бойназаров Қосималӣ Тилабоевич 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯч. Кайҳоннавардон х.30 ва мусофирони а/м тамғаи “Даймлер-Бенс” шаҳрвандон Исоқулзода Гулнораи Маҳмадсаид 2001 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии ба номи “Н.Хусрав”-и ш.Бохтар, истиқоматкунандаи ш.Норак, кӯч. И.Сомонӣ х.26, Назарова Маҳбуба Файзалиевна 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Норак, кӯч. Мирзораҳим х.4, Ҷалилова Малика 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Норак, кӯч. Юсуфов х.20, ҳ.4 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд. Ронандаи а/м тамғаи “Опел-Астра” шаҳрванд Сафаров А.А. дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст. 

21.10.2019 тахминан соати 08.10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», р/д 76-41 НН/03 шаҳрванд Ҳодиев Шуҳратҷон Ҷалолович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Вайсов х.57, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯч. А.Дониш ба самти маркази ноҳия, дар назди бозори марказии ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Корчиева Ҳумайра Тоҳировна 2017 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. А.Дониш пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Корчиева Ҳ.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

21.10.2019 тахминан соати 16.30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «ЗИЛ-130», р/д ТҶ 62-03 АС/02 шаҳрванд Ҷумъаев Шокир Шодиевич 1979 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш ронандаи ҶДММ “Талко-Ресрус”, истиқоматкунандаи ҷ/д Фондарё, деҳ. Марғузор, ҳангоми ҳаракат кардан дар 11-ум километри роҳи автомобилгади шаҳраки Зарафшон-1-Марғузор, дар ҳудуди н.Айнӣ аз поймонаки тарафи рости а/м мазкур шаҳрванд Эшова Шаҳло Субҳоновна 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Фондарё, деҳ. Марғузор ба замин афтидааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий