
21.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мирзоева Мавлуда Искандаровна 1970 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи 2-юм гузаргоҳи кӯч. Титова х.18 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 13.03.2015 сол бо маслиҳати пешакӣ бо эксперти қарзии филиали ҶСК “Агроинвестбонк” шаҳрванд Сангинов Толибҷон Турсунбоевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Ҳисор, ҷ/ш Шӯроби-поён, деҳ. Хонақо бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба номи шаҳрванд Абдулазизова Шарқия Мирзоалиевна 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Володарская х.5/85”а” аз филиали бонки мазкур, воқеъ дар кӯч. Рӯдакӣ-1”а” 50.000-сомониро ғайриқонунӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд. Шаҳрванд Мирзоева М.И. ва Сангинов Т.Т. бо ин кирдорашон ба ҶСК “Агроинвестбонк”-и мазкур бо фоизҳои ҳисобишуда ба маблағи 90.000-сомонӣ зарари калони моддӣ расонидаанд. Нисбати шаҳрвандон Мирзоева М.И. ва Сангинов Т.Т. аз ҷониби прокуратураи Генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)