ДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД
21.10.2019 шаҳрванд Фозилова Назира Ҳасановна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷам. С.Айнӣ, деҳ. Суғдиён ба ШВКД н.Варзоб муроҷиат намуд, ки санаи 28.09.2019 сол тахминан соати 10.00-дақиқа шахсони номаълум аз набудани соҳибхона истифода бурда, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3.800-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва 1-ҷуфт гӯшвори тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5.550-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабова Фарида Сатторовна 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷам. С.Айнӣ, деҳ. Суғдиён ва Ниязов Шералӣ Исроилович 1984 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд.
21.10.2019 шаҳрванд Раҳматова Қурбонгул Наврӯзовна 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Меҳробод ба ШВКД н.Варзоб муроҷиат намуд, ки санаи 19.10.2019 сол тахминан соати 10.30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 10.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳафиззода Шаҳлои Суҳбатулло 2000 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Меҳробод дастгир карда шуд.
Комментарии (0)