< АВБОШӢ ДАР ЯККАТУТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АВБОШӢ ДАР ЯККАТУТ

АВБОШӢ ДАР ЯККАТУТ
21.10.2019 шаҳрванд Садриддинов Умед Муҳиддинович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Яккатут ба ШВКД н.Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 20.10.2019 сол тахминан соати 19.20-дақиқа дар ҳудуди деҳ. Яккатут шахсони номаълум ӯро, бародараш, Садриддинов Илҳом Муҳиддинович 1999 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва рафиқаш, Мирзоев Амирҷон Абдуқодирович 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Н.Қарабоев х.124, ҳ.28-ро аз ҳиссиёти авбошӣ лату кӯб намуда, бо олоти халандаю бурранда ба узвҳои баданашон задаанд. Дар натиҷа шаҳрвандон Садриддинов У.М, Садриддинов И.М. ва Мирзоев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи “Истиқлол”-и ш.Душанбе бистарӣ гардидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Алишери Раҳмон 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Яккатут ва Сангимуроди Раҳмон 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий