
19.10.2019 тахминан соати 19:10 дақиқа ронандаи а/м тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгради «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар 260-600 км, дар ҳудуди ҷ/д Куруш бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Ашӯралиев Бахтиёр Қучқорович 1982 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Куруш, деҳ. Куркат, ки аз тарафи чап ба рости роҳ мегузашт, пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард, Ашӯралиев Б.Қ., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Барои муайян ва дастгир намудани ронанда ва а/м номаълум чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)