ҒАЙРИҚОНУНӢ ҲАЙ КАРДА БУРДАНИ АВТОМОБИЛ
19.10.2019 шаҳрванд Пӯлотов Зафарҷон Абдусамиевич 1996 с/т, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Хистеварз, кӯч. Х. Кенҷаев х.108 ба ШВКД н.Б.Ғафуров муроҷиат намуд, ки санаи 11.10.2019 сол соати 23:40 дақиқа шахсони номаълум аз назди хонаи истиқоматиаш а/м шахсиаш тамғаи «Опел-Вектра», р/д ТҶ 92-29 СО/02, ки беназорат меистод, ғайриқонуни ҳай карда бурда, дар кӯч. Пахтак дар рӯ ба рӯи ҳавлии №149, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбор бархӯрдааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Муқимов Алишод Шӯҳратович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, кӯч. Пахтакор, х. 5, ҳ. 24, дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Муқимов А.Ш. парвандаи ҷиноятӣ бо мод. 252 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 19.10.2019 шаҳрванд Эсанов Муродҷон Абдулҳамидович 1994 с/т, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Ҳисорак, х-41, ҳ-41 ба ШВКД ш.Кӯлоб муроҷиат намуд, ки санаи 19.10.2019 сол, тахминан соати 17-00 дақиқа шахси номаълум аз нуқтаи таъмири мошинҳо, воқеъ дар ш.Душанбе, кӯч. Қосимова а/м шахсиаш тамғаи «Хонда-Аккорд», р/д 12-00 СН/01, ки беназорат меистод, ғайриқонуни ҳай карда бурдааст. Ҳангоми эълон намудани амалиёти «Боздошт» дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи «Баҳористон», воқеъ дар н.Восеъ, шаҳрванд Мусоев Суҳроб Рустамович 1997 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. 1-Май, х-488, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)