ХУДКУШИИ МУҲАММАДИ 14-СОЛА ДАР ҚУБОДИЁН
Холов Муҳаммад Мустафоевич, соли таваллудаш 2005, дар сари замини замини пахта дар деҳаи Навободи ҷамоати Тоҷикистони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон худро ба дор овехтааст. Ин ҳодиса рӯзи 11 октябр рӯй додааст. Манобеи сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки он рӯз аҳли оилаи Холовҳо хоҳари калонии Муҳаммадро, ки тоза арӯсӣ карда, ба назди домод ба Русия мерафт, ба фурудгоҳ бурда буданд ва касе дар хона набуд. Сабаби худкушии ин наврас рӯшан нест, вале гумон меравад, ки Муҳаммад аз инки ӯро барои гусели апааш ба фурудгоҳ набурданд, зиқӣ карда, даст ба ҷони худ задааст.
Тафсилоти дигари ин фоҷиа дастрас нест. Хонаводаи Холовҳо аз ҳисоби деҳқонӣ зиндагӣ мекунанд. Фарзандони ин хонавода мисли аксари хонаводаҳои дигари Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва аз марги Муҳаммад дар мусофират хабар ёфтанд.
Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар нимаи аввали соли 2019 дар Тоҷикистон 258 мавриди худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст. Дар 55 маврид ноболиғон қасди ҷони худ кардаанд.
Комментарии (0)