КОРРУПСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН: АЗ ЯК ДАР МЕДОРАНД, АЗ ДАРИ ДИГАР ҶАВОБ МЕДИҲАНД...

Рӯзи 15 октябр дар ҷараёни як амалиёти пурсарусадо дар бинои ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ сардори дастгоҳи ҳукумати ин ноҳия Муҳаммад Идизода бо далели шайъӣ – 12 500 сомонӣ пора – боздошт шуд. Аммо ҳамагӣ ду рӯз баъд – 17 октябр – Идизодаро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. Айбномаи зидди мансабдори давлатӣ низ аз моддаи 319 – гирифтани пора - ба моддаи сабуктари 247 – қаллобӣ - тағйир дода шуд ва акнун Муҳаммад Идизода метавонад бо "ҷуброни зарар” ва пардохти як миқдор ҷарима халос шавад. Коршиносон мегӯянд, бо чунин шеваи муборизаи "раҳмдилона” бо мансабдорони порахӯр Тоҷикистон дар набард бо марази коррупсия, ки ба як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар ва як мониаи бузург дар роҳи пешрафти иқтисодиаш табдил ёфтааст, ягон шонси пирӯзӣ нахоҳад дошт. Ин шакли мубориза, ба ақидаи коршиносон, аз як доми маҳкам дида, бештар ба як ғалбери сӯрох шабоҳат дорад, ки мансабдорони порахӯр бо вуҷуди бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодан, аз мӯрии хеле калони "қаллобӣ” худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Ва нафақат халос мешаванд, балки баъди чанде дар ягон мансаби дигари серравған такя мезананд.
Рӯзи 15 октябр мақомоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бинои ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ амалиёти пурсарусадоеро анҷом доданд. Дар ҷараёни ин амалиёт ибтидо чанд корманди ҳукумат ва ҳатто корафтодагон дастгир шуданд ва танҳо баъди анҷомаш маълум шуд, ки ҳадафи амалиёт фақат як нафар – раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия Муҳаммад Идизода будааст. Мақомоти агентӣ саранҷом Идизодаро дастгир карда, бақияро ҷавоб доданд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммад Идизода дар ҷараёни ин амалиёт бо далели шайъӣ – 12 500 сомонӣ маблағи пора – дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки мансабдори давлатӣ ба як шаҳрванд ваъда додааст, ки дар ивази 25 ҳазор сомонӣ барояш дар ҷудо кардани замин барои сохтани мағоза дар маркази ноҳия кумак мекунад ва он 12 500 сомонӣ, ки рӯзи 15 октябр аз дасти Идизода гирифтанд, бахше ё яке аз "транш”-ҳои ҳамон 25 ҳазор сомонӣ будааст.
Дар расонаҳо дар бораи боздошти раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ чандин гузориш нашр шуд ва ин боздоштро ҳамчун як намунаи муваффақияти мақомоти Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия ба қалам медоданд.
Аммо...
Ҳамагӣ ду рӯз баъд – рӯзи 17 октябр – Муҳаммад Идизода ба шарти то анҷоми тафтишот берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт озод карда шуд. Айбномаи ӯ ҳам аз моддаи ҷазояш сахттари 319 – гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ба маблағи бузург – ба моддаи ҷазояш бамаротиб сабуктари 247 – қаллобӣ иваз карда шуд. Иттиҳоми қаллобӣ ба ин мансабдори ҳамакнун собиқ имкон медиҳад, ки бо "ҷуброни зарар” ва пардохти ҷарима худро аз ҷазои вазнинтар, яъне ҳукми зиндон халос кунад.
Дар ин авохир моддаи 247 (қаллобӣ) дар Тоҷикистон ба таври фаровон барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани мансабдорони бо пора ба даст афтода истифода мешавад. Ҳилаи шаръие, ки мақомот барои бо ин модда бандубаст кардани парвандаҳои порахӯрӣ истифода мебаранд, чунин аст, ки гӯё ин ё он мансабдори ба даст афтода дар доираи салоҳиятҳои мансабиаш ҳалли масъалаҳоеро, ки ваъда мекард, надошт ва аз ин рӯ, гӯё корафтодаро фиреб медод ва ин қаллобист, на порахӯрӣ аз ҷониби шахси мансабдор.
Ба ақидаи коршиносон, бо чунин шаклу шеваи муборизаи "раҳмдилона” бо коррупсия Тоҷикистон шонси пирӯзӣ дар ин набардро нахоҳад дошт, чунки ин шакли мубориза, ба ақидаи онҳо, аз як доми маҳкам дида, бештар ба як ғалбери сӯрох шабоҳат дорад, ки мансабдорони порахӯр бо вуҷуди бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодан, аз мӯрии хеле калони "қаллобӣ” худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Ва нафақат халос мешаванд, балки баъди чанде дар ягон мансаби дигари серравған такя мезананд.
Муҳаммад Идизода, соли 1990 дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, филиали Донигоҳи аграрӣ дар ноҳияи Данғараро хатм кардааст. Идизода ду дафъа ба мақоми раиси дастгоҳи ҳукумати Мастчоҳ таъйин шуд. Дар аввали соли 2018 ӯро аз ин мақом бар асоси эътирози додситони густохи ноҳия сабукдӯш карданд, чунки ба ақидаи додситон, таҷрибаи кории Муҳаммад Идизода, барои таъйин шудан ба чунин мақоми баланд кифоят намекард.
Зимнан, шоми 16 октябр, як рӯз баъди Идизода, сардори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ Шарифов Ҳабиб низ аз ҷониби кормандони шуъбаи ноҳиявии КДАМ боздошт шуд. Шарифов Ҳабиб ба он айбдор мешавад, аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта ваъда додааст, ки бо онҳо билети ҳарбӣ медиҳад ва ё муваққатан ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намекунад.
Аммо бисёриҳо ин эҳтимолро сарфи назар намекунанд, ки қазияи Ҳабиб Шарифов низ дар ниҳоят мисли қазияи Муҳаммад Идизода мешавад ва бо гирифтани як забонхат ӯ ҳам ба озодӣ мебарояд.
Комментарии (0)