< ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ АВТОБУСИ МУСОФИРКАШОНӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ АВТОБУСИ МУСОФИРКАШОНӢ

ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ АВТОБУСИ МУСОФИРКАШОНӢ
Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи зани 34-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 8-уми октябри соли 2019, тахминан соати 14:00, ҳангоми дар дохили автобуси мусофиркашонӣ қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили сумкааш 1 ҳазору 950 сомонӣ, шиносномаи миллӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси Ҷ” ва 4-адад телефонҳои гуногунтамғаи корношоямро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Истиқлолро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир намуданд. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий