< ТАШКИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚИМОРХОНА » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАШКИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚИМОРХОНА

ТАШКИЛИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ҚИМОРХОНА
08.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Чин 1).Сиа Тианшуй 1968 с/т, мувақ. истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Ҳувайдуллоев х.2«А», роҳбари корхонаи коркардҳои сангҳои қимматбаҳо (айни ҳол корхонаи мазкур кор намекунад), 2).Фан Сюзан 1971 с/т, мувақ.истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, 3).Хуан Шифей 1967 с/т, мувақ.истиқоматкунандаи ҳамон ҷо дастгир карда шуданд. Номбурдагон, дар дохили корхонаи мазкур, воқеъ дар кӯч. Ҳувайдуллоев х.2«А» як ҳуҷраи хонаи ба иҷора гирифтаашонро ғайриқонунӣ ба қиморхона табдил дода бо шартҳои бурд намудани маблағи пулӣ ба бозии намуди «Мадиан» машғул шудаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий