< СӮХТОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СӮХТОР

СӮХТОР
05.10.2019 тахминан соати 18.39-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Каримов Абдураҳмон 1942 с/т, нафақахӯр, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Мир х.44, ш.Конибодом дар масоҳати 30-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарар аз сӯхтор 6000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии кӯдакон мебошад. 

06.10.2019 тахминан соати 02:35-дақиқа дар ғарами ғузапаяи шаҳрвандон, Халифаев Абдухолиқ Қурбонович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, Қурбонов Абдухолиқ Хуҷаевич 1962 с/т, Раҳматов Ҷаъмахон Қурбонович 1972 с/т ва дар масоҳати 12-метри мураббаъ болопӯши оғилхонаи шаҳрванд Яқубов Шовалӣ 1947 с/т, истиқоматкунандагони ҷ/д 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳ. Меҳнатобод, н.Фархор сӯхтор ба амал омадааст. Зарари умумии сӯхтор 4550-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 

06.10.2019 тахминан соати 11.30-дақиқа дар коҳдонхонаи шаҳрванд Тағайқулова Кирмиз Тураевна 1959 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Гулистон, деҳ. Хуррамдеҳ дар масоҳати 28-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор 1-тонна хӯроки дурушти чорво сӯхта нобуд гардидааст. Зарар аз сӯхтор 3200-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий