< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
06.10.2019 тахминан соати 10:30-дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Опел-Зафира», р/д ТҶ 81-55 НН/02, Усмонов Толибҷон Шокирович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ёва, кӯч. Шарқ х.20, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар 295-ум км, дар болои пули ҳудуди ҷ/д Ёва ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба а/м тамғаи «Опел-Вектра», р/д ТҶ 19-86 ТТ/06 таҳти идораи шаҳрванд Қаландаров Абдуқаҳҳор Валиевич 1981 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Хистеварз, кӯч. Саъдӣ х.25, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров А.В. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ш.Хуҷанд ба ҳалокат расидааст. Мусофири а/м тамғаи «Опел-Зафира» шаҳрванд Ҳомидов Мубинҷон Махсудҷонович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ёва, кӯч. Л.Шералӣ х.37 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Хуҷанд бистарӣ гардидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий