
06.10.2019 шаҳрванд Файзова Шарофат Саймуҳаммадовна 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Обчакорон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 05.10.2019-сол тахминан соати 15.30-дақиқа писари ноболиғаш, Саидов Набиҷон Муродалиевич 2002 с/т, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №115, истиқоматкунандаи ҳамон ҷоро “Сӯҳроб” ва “Баҳриддин” ном шахсон лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда як маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ноболиғ, Саидов Н.М. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи клиникии деҳ. Обчакорон бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ ноболиғон: Зубайдуллоев Баҳриддин Тоиршоевич 2002 с/т, намехонад, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Обчакорон ва Ҳайдаров Сӯҳроб Сафаралиевич 2002 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 11-уми МТМУ №91, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Обчакорон дастгир карда шуданд.
Комментарии (0)