ҒОРАТГАР ДАСТГИР ШУД
06.10.2019 шаҳрванд Шарифов Алишер Шералиевич 1998 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. И.Сомонӣ х.7 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 25.09.2019-сол тахминан соати 04.00-дақиқа дар назди тарабхонаи “Самира”, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем шаҳрванд Бозоров Раҳмиддин Муҳиддинович 1998 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Нахимова х.64/2, ҳ.1 бо роҳи ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Инчунин ӯ, Бозоров Р.М. санаи 24.09.2019-сол тахминан соати 04.00-дақиқа дар назди тарабхонаи “Инфинити”, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем бо роҳи ошкоро аз дасти шаҳрванд Мусулмонзода Комрони Музаффар 2000 с/т, миллаташ тоҷик, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи молияи Тоҷикистон, истиқоматкунандаи н.Файзобод, деҳ. Файзобод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Мейсу”, ки арзишаш 200-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
05.10.2019 шаҳрванд Мардонқулов Усмон Раҳматуллоевич 1959 с/т, истиқоматкунандаи ш.Конибодом, ҷ/д. Э.Шарифов, деҳ.Пахтакор, кӯч. Қурбонов х.51, миллаташ ӯзбек ба ШВКД н.Б.Ғафуров муроҷиат намуд, ки санаи 04.10.2019 сол тахминан соати 15:00-дақиқа шахси номаълум дар “Автовокзал”-и, шаҳраки Б.Ғафуров, бо истифодаи зӯроварӣ аз гарданаш 1-адад гарданбанди рангаш зард, ки арзишаш 100-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қаҳҳоров Чуянбой Джумаевич 1974 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи н.Б.Ғафуров, ҷ/д Исфисор, кӯч. Д.Халқҳо х.2 дастгир карда шуд. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо мод. 248 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)