< СӮХТОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СӮХТОР

СӮХТОР
02.10.2019 тахминан соати 11.50-дақиқа дар роҳи автомобилгарди ҷ/д Ҷиликули деҳ. Зарнисор, дар ядаки трактори шаҳрванд Досалов Абдувоҳид Досалович 1959 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Вахш, деҳ. Навобод, дар масоҳати 8-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор чархҳои автомашина ва 1-тонна алафи хушки чорво сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 2.400-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор паридани шарора аз “Глушител”-и трактор мебошад. 

02.10.2019 тахминан соати 04.20-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Камолов Содиқ Вафоевич 1957 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Баҳор, деҳ. Лолазор, дар масоҳати 35-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши хона сӯхта нобуд шудааст. Зарари расонидашуда 2.500-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий