САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

02.10.2019 тахминан соати 09.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Нексия», р/д 40М490 JA ш-ди Ҷум. Ӯзбекситон, Ваҳобов Абдурасул Абдураҳимович 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи вилояти Фарғона, н.Ӯзбекистон, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Конибодом-Хуҷанд”, 70-ум километри ҳудуди ҷ/д Исфисори н. Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Тухлиев Ҳабибулло 1938 с/т, миллаташ тоҷик, нафақахӯр, истиқоматкунандаи ҷ/д Исфисор, кӯч. И.Сомонӣ х.12-ро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Тухлиев Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)