
02.10.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сафаров Файзулло Давлатович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Бохтар, кӯч. Дзержинский х.4, ҳ.3 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 11.07.2013 сол дар асоси шартномаи дутарафа таҳти №20271130002232 аз филиали маркази хизматрасонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-и н.А.Ҷомӣ барои ба соҳибкорӣ машғул шуданаш 30.000-доллари ИМА қарз гирифта, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст. Нисбати шаҳрванд Сафаров Ф.Д. аз ҷониби прокуратураи вил. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)