< ДУЗДӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДӢ

ДУЗДӢ
01.10.2019 шаҳрванд Азимова Фарзона Элҷоновна 1991 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Данғара, маҳаллаи-4 х.б/р ба ШВКД ноҳияи Данғара муроҷиат намуд, ки аввалҳои моҳи июли соли 2019 тахминан соати 22.30-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 2.700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Нуров Муҳаммад Холмуродович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Данғара, кӯч. Н.Қарабоев х.121, пеш бо моддаҳои 237 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. 

02.10.2019 шаҳрванд Азимов Абдусаттор Абдураззоқович 1970 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш духтури беморхонаи вилоятии ш.Кулоб, истиқоматкунандаи маҳаллаи Офтобрӯя х.165 ба ШВКД ш.Кӯлоб муроҷиат намуд, ки санаи 01.10.2019 сол тахминан соати 13.30-дақиқа шахси номаълум дар нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ ба номи “Шукрона”, воқеъ дар маҳаллаи Борбад, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайби шими варзишиаш 5.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сарбозова Гулнора Беговна 1986 с/т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш пешхизмати дӯкони мазкур, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ш.Шоҳин х.11, ҳ.56, дастгир карда шуд.  

02.10.2019 шаҳрванд Тоҷибоева Мастура Неъматҷоновна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Собирова х.64 ба ШВКД ш.Хуҷанд муроҷиат намуд, ки санаи 21.09.2019 сол тахминан соати 13.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи “ASUS”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2.900-сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Солиев Фирдавсҷон Фурқатҷонович 2001 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Собирова х.65, дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Солиев Ф.Ф. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий