
01.10.2019 ноболиғ, Қаландаров Муҳаммад Муҳиддинович 2002 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи кӯч. Бозорӣ х.10, пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ба ШВКД ш.Кӯлоб муроҷиат намуд, ки санаи 30.09.2019 сол тахминан соати 20.30-дақиқа дар кӯч. И.Сомонӣ бо ноболиғ, Равшани Хуршед 2002 с/т, миллаташ тоҷик, хонандаи синфи 10-уми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ш.Кулоб, истиқоматкунандаи кӯч. И.Сомонӣ х.110 вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба рони пои ноболиғ, Қаландаров М.М. задааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи вилоятии ш.Кулоб бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)